Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 қурбонӣ дар роҳи кӯҳистонии Душанбе-Хоруғ дар Рӯшон


Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошинрави Душанбе-Хоруғ 6 нафар кушта шудаанд. Ҳангоми сангрез автомашинаи навъи "Ҳундай" аз баландаии 20 метр ба рудхона сарозер шудааст ва мусофирону ронанда, аз ҷумла 2 кӯдакро об бурдааст. Мизроб Доробов-сухангӯи раёсати дохилаи вилояти Бадахшон ба радиои Озодӣ гуфт:

"Дар роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе аз болои теппаи Вознавй санги калон фаромад ва ба автомашинаи номбурда бархӯрд, ки дар натиҷа автомашинаи мазкур аз баландии 20 метр ба даруни дарёи Панҷ чаппа шуда ғарқ шуд".

Бино бахабари ин манбаъ, ҷустуҷӯи ғарқшудагон идома дорад. Ин ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Рӯшон дар маҳалле бо номи Дашти Вознавй рух додааст.
XS
SM
MD
LG