Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози паноҳандагони абхозӣ дар Тифлис


Имрӯз гурӯҳи фирориён аз Абхозистон дар канори бинои Комиссиюни Аврупо дар шаҳри Тифлис ба нишони эътироз алайҳи ихроҷашон аз пойтахт даст ба гуруснанишинӣ заданд. Моҳи равон мақомоти Гурҷистон садҳо хонаводаҳои паноҳандагони абхозро аз биноҳои истиқоматӣ берун карда, ба онҳо пешниҳод намуданд, ки ба шаҳри Зугдидӣ кӯч банданд. Дар Зугдидӣ созмонҳои байнулмилалӣ барои ин паноҳандагон манзили зист бунёд мекунанд.
Ва аммо паноҳандагон мегӯянд, ки дар Зугдидӣ ҷой кор нест ва онҳо аз имкони таъмини хонаводаҳояшон маҳрум хоҳанд шуд. Бархе аз эътирозгарон даҳони худро дӯхтанд ва яке аз онҳо таҳдид кард, ки худро дар назди қароргоҳи раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ чаҳормех хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG