Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 миллион доллар ба осебдидагони селоби Покистон


Кишварҳои кӯмаккунанда ба осебдидагони селобҳои Покистон қавл додаанд, ки тақрибан 500 миллион доллар кӯмак мекунанд. Бахши назорат ва ҷамъоварии кӯмакҳои молии СММ шоми рӯзи ҷумъа эълон кард, ки пулҳои ҷамъоваришуда ба 490 миллиону 700 ҳазор доллар расидааст. 325 миллион доллари дигар низ барои кӯмак ваъда шудааст. Дар натиҷаи боронҳои шадид дар шимоли Покистон тақрибан 20 миллион нафар осеб дидаанд ва СММ ба онҳо 460 миллион доллар кӯмаки фаврӣ дархост карда буд.
XS
SM
MD
LG