Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 2 скинҳед бо ҷурми қатли шаҳрванди тоҷик


Додгоҳи шаҳри Обнинск ду скинҳедро бо ҷурми бо латукӯб ба ҳалокат расондани як шаҳрванди Тоҷикистон мутобиқан ба 8,5 ва 6 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки ин ҷавон дар кӯча ҳар раҳгузари ғайритаҳҷоиро латкӯб мекард. Онҳо дар чандин мавриди латукӯби афроди ғайрирус дар заминаи адовати қавмӣ ва як мавриди куштори муҳоҷири тоҷик дар моҳи августи соли 2009 муҷрим шинохта шуданд.
XS
SM
MD
LG