Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоии тарафдорони Мирзоаҳмадов дар Ӯш


Рӯзи ҷумъа беш аз 2000 эътирозгар ба нишони пуштибонӣ аз шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов ташкили раҳпаймоӣ карда, ба вазири кори Қирғизистон, ки барои ором кардани ин издиҳом эъзом шудааст, ҳамла оварданд. Эътирозҳо дар Ӯш дар пайи бурузи сарусадоҳо дар мавриди барканор шудани Мирзоаҳмадов рӯзи дуввум аст, ки идома дорад. Издиҳом рӯзи ҷумъа бозгашти ин мунаққиди ошкори ҳукумати марказиро бо нидои “Урра!” истиқбол гирифт. Мирзоаҳмадов дар баробари тазоҳургарон гуфт, ки мақомоти Бишкек бо талаби истеъфо аз мақоми шаҳрдорӣ ӯро барои 3 рӯз боздошт карданд, вале ӯ дар мақомаш хоҳад монд.
Қаблан эътирозгарон ба вазири кор Ойгул Ризқулова ҳамла оварданд ва муҳофизонаш маҷбур шуданд, ӯро тавассути мошин аз майдон берун бикашанд. Мирзоаҳмадов аз муттаҳидини наздики раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев аст.
XS
SM
MD
LG