Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди “Beatles”-ро дар Алма-Ато таҷлил мекунанд


Рӯзи 30 август дар Алма-Ато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон ба шарафи солгарди 50-уми таъсиси гурӯҳи шӯҳратёри бритониёии “Тhe Beatles” ҷашнвораи вижае барпо хоҳад шуд. Мелс Элеусизов, раҳбари гурӯҳи зистмуҳитии “Табиат” ва ташкилдиҳандаи ҷашнвора гуфт, тайи ин ҳамоиш дар баробари солгарди таъсиси ин гурӯҳи ҷаҳонгири мусиқии рок 70-солагии Ҷон Леннон, яке аз овозхонҳои ин ба таъбири маъруф “Чоргонаи ливерпулӣ”-ро низ таҷлил хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки яке аз таронаҳои машҳури “Тhe Beatles” – “Let it be”-ро дар ин ҷашнвора худи сафири Бритониё дар Қазоқистон Девид Моран иҷро хоҳад кард. Ҳамчунин қарор аст, рӯзи 30 август дар Алма-Ато дар гулгашти наве, ки номи Ҷон Леннонро хоҳад гирифт, 70 дарахт ҳам шинонанд.
“Тhe Beatles”, иборат аз Ҷон Леннон, Пол МакКартнӣ, Ринго Стар ва Ҷорҷ Ҳаррисон, дар солҳои 60 ва 70 аз пуровозатарин гурӯҳҳои хонандаи мусиқии роки дунё маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG