Пайвандҳои дастрасӣ

Ярч ду вагони қаторро ба дарё афканд


Дар вилояти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин, бар асари ярч як купрук тахриб шуд ва ин боиси садамаи қатори мусофирбар гардид. Ду вагони қатор ба рӯдхона сарозер шуд ва маҷрои пурхурӯш онҳоро тақрибан 200 метр дур аз ҷойи садама бурд.
Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин ду вагон чанд мусофир ҳузур дошт. Ба иттилоъи расонаҳои Чин, мусофирони дигар вагонҳо осеб надиданд, наҷотбахшон онҳоро ба зудӣ аз қатор берун карданд.
Ярчу обхезӣ дар манотиқи ғарбии Чин дар як моҳи охир мунҷар ба ҳалокати беш аз ҳазор нафар шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG