Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ҷонибдорони мири шаҳри Ӯш


Имрӯз тақрибан 500 тан аз ҷонибдорони Мелис Мирзоаҳмадов, мири шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, ба хотири дифоъ аз ӯ дар канори бинои шаҳрдорӣ ҷамъ омаданд. Ба иттилоъи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, субҳ дар шаҳр овоза паҳн шуд, ки мири шаҳр аз мақомаш барканор шудааст. Мирзоаҳмадов, ки аз моҳи январи соли гузашта мири шаҳр аст, бо бархе тасмимҳои ҳукумати муваққат мухолифат дорад. Мири Ӯш, аз ҷумла аз мухолифони сарсахти вуруди гурӯҳи полиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба шаҳр аст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон овозаҳо дар бораи аз мақом барканор шудани мири Ӯшро ҳанӯз ташреҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG