Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо Медведев


Дар ҳошияи нишасти чаҳоргонаи Русия,Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, рӯзи 18 август раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дар ин нишаст ҷонибҳо дурнамои ҳамкории байни ду кишварро дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Роҳбарони Тоҷикистон ва Русия аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф изҳори қаноъатмандӣ карда, ба зарурати таҳкими ҳарчи бештари ин ҳамкориҳо таъкид намудаанд.

Тарафҳо, хусусан бар афзоиши ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ ва иқтисолӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Дар мулоқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия бар зарурати татбиқи лоиҳаҳо дар бахши энержӣ ва коркарди захираҳои зерзаминӣ таъкид шудааст.

Изҳори қаноъат аз чӣ?

Ин ҳама изҳори қаноъатмандӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ба назари коршиносон муносибати Русия ва Тоҷикистон дар ҳамаи даврони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба андозаи яку ним соли ахир сарду печида набудааст.

Муносибати Тоҷикистон ва Русия аз соли 2005 ба ин сӯ, ба думболи он ки ширкати "РусАл"-и Русия ба тааҳҳуди худ дар заминаи сохтмони Роғун амал накард, ба сардӣ гароид. Мақомоти Тоҷикистон мӯътақид буданд, ки Русия таҳти фишори Тошканд аз иҷрои созишномаи сохтмони Роғун даст кашидааст.

Сафари Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар зимистони соли 2009 ба Тошканд ва суханони ӯ дар пуштибонӣ аз мавзеъи Тошканд дар барҳрабардорӣ аз манобеи оби минтақа, боиси эътирози расмии ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Оқои Медведев зинми сафараш ба Узбакистон гуфта буд, ки Русия барномаҳои энержиеро, ки бо кишварҳои ҳамсоя ва Узбакистон мувофиқа нашуда бошад, дар ин минтақа саромягузорӣ нахоҳад кард.

Ин гуна изҳори назар гумони Тоҷикистон дар мавриди пуштибонии Маскав аз Тошканд дар баҳси манобеъи обиро ба яқин табдил кард. Ва дар эътироз ба ин мавзеъгирии Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор як сафари эълоншудаи худ ба Маскавро лағв кард.

Узбакистон мухолифи барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, хоса Роғун дар Тоҷикистон аст ва мегӯяд, ки сохтани ин обанборҳо барои кишварҳои поёноби минтақа фоҷеъаи зистмуҳитӣ ба думбол хоҳад дошт. Тоҷикистон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, ки бо сохтани ин нерӯгоҳҳо қасди бастани маҷрои об ба рӯи ҳамосояҳои худро надорад.

Ба назар мерасад, ки то кунун дар ин баҳс Русия, ки аз нуфузи ҳамчуноние дар минтақа бархурдор аст, дар ҷониби мавқеъи Узбакистон қарор гирфитааст. Ва ин боиси нороҳатии мақомоти сиёсии Тоҷикистон шудааст.

Акнун суоли мартаҳи имрӯз ин аст, ки ба якборагӣ изҳори қаноъатмандӣ кардан аз муносибатҳои то кунун сарди ду кишвар ба маънои чист, оё муомилае пушти парда сурат гирифт?
XS
SM
MD
LG