Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафаров: Ҳанӯз рӯҳияи давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳаст


Дар як назархоҳие, ки Маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало" дар Тоҷикистон анҷом додааст, 93 дарсади назардиҳандагон изҳор доштаанд, ки барои сохтани ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ба коршиносони Русия бештар бовар доранд. Сайфулло Сафаров-муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, назардиҳандагон ҳанӯз пойбанди рӯҳияи даврони Шӯравӣ мебошанд:

"Ҳоло манфиатҳои давлатӣ, манфиатҳои миллӣ аз ҳам фарқ мекунанд ва бояд, ки мо бо назардошти ҳамаи ин нозукиҳо рафтор кунем, бо ҳамаи кишварҳо".

Ин назархоҳӣ дар остонаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия анҷом гирифтааст. Мулоқоти ду раҳбар дар ҳамин рӯзҳо дар Сочӣ дар ҳоишяи мулоқоти чаҳоргонаи раҳбарони Русияву Покистон ва Афғонистону Тоҷикистон баргузор мешавад. Русия ниругоҳи Сангтӯда-1-ро сохтааст, вале 75 дарсади саҳмияҳои онро дар даст дорад ва он моли Тоҷикистон дониста намешавад. Русия мехост бад-ин минвол ниругоҳи Роғунро низ бисозад, вале Тоҷикистон ба чунин пешниҳод розӣ нашуд.
XS
SM
MD
LG