Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии вакили мудофеи Надим Инҷози фаластинӣ


Як фаластинӣ, ки ба сафорати Исроил дар Туркия ҳамла бурд, чанд нафарро гаравгон гирифт ва аз сафорат паноҳандагӣ мехост. Вайро боздошт карданд ва ба мақомоти Исроил баргардониданд. Пулиси Исроил эълон кард, ки ҳамлакунанда Нозим Инҷоз ном доштааст ва дар Ромаллоҳ дар каронаи ғарбии рӯди Урдун ба сар мебурдааст. Ба гуфтаи пулис, Инҷоз баъд аз сипарӣ кардани мӯҳлати зиндон барои ҳамла ба сафорати Бритнаия ва дархости паноҳандагӣ дар чаҳор соли пеш аз зиндон раҳо шудааст. Авитал Ҳореф-вакили мудофеи Надим мегӯяд:

"Ман умедворам, ки ҳукумати Исроил ба вай паноҳандагӣ ва иҷозаи кор медиҳад. Ин корест, ки то ҳол накарда буд".

Вакили мудофеъ гуфтааст, Надим Инҷоз иддао дорад, ки барои ожонси маҳаллии амниятии Исроил бо номи Шин Бет маълумот ҷамъоварӣ мекардааст ва ҳоло таҳти пайгарди нируҳои интизомии Фаластин қарор дорад. Аммо Шин Бет ин иддаоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG