Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сарони чаҳор кишвар дар Сочӣ


Имрӯз дар шаҳри Сочии Русия мулоқоти президентҳои Русия, Дмитрий Медведев, Афғонистон -- Ҳомид Карзай, Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Покистон -- Осафалӣ Зардорӣ баргузор мешавад. Маскав талош дорад, нуфузи худро дар минтақа, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, баъд аз як ҷанги харобиовари 10-сола дубора ба даст орад. Қарор аст, дар ин нишаст ҳамкориҳои иқтисодии чаҳорҷониба, таҳкими амнияти минтақаӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гиранд. Ва ҳамчунин дар Сочӣ мулоқоти дуҷонибаи президентҳои Русия ва Тоҷикистон, Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG