Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири "Нови стил" ғайб задааст


Сардабири яке аз нашрияҳояи чопи шаҳри Харкови Украина ба таври асроромез ғайб задааст. Ба иттилоъи бахши украинии Радиои Озодӣ, Васил Климентиев,сардабири ҳафтаномаи “Нови стил”, аз рӯзи 11 август ба ин сӯ ғойиб аст ва полис, аз ҷумла, фарзияи рабуда шудани ӯро тафтиш мекунад.
Васил Климентиев бо матолиби интиқодӣ алайҳи мақомоти маҳаллӣ маъруф буд. Намояндаи ӯ Петро Матвеенко ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Климентиев асосан дар бораи нақзи ҳуқуқи башар, фасод ва сӯиистифода аз мақом аз сӯи раҳбарони вилояти Харков мақола менавишт. Дар матлабҳои ахираш ӯ муовини додситони вилоят Серҳей Хачатурян ва раиси кумитаи андоз Станислав Денисюкро ҳадафи танқид қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG