Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

122 миллион доллар кӯмаки нави АДВ ба Душанбе


Бонки осиёии рушд ба манзури тавсиа ва навсозии шабакаҳои интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон 122 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ироа мекунад, ки бояд ба таҳкими тиҷорати энержӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар ҷараёни камбуди нирӯи барқ дар фасли гармо мусоидат кунад.
Ин маблағ аз ҳисоби Сандуқи рушди Осиё ироа шуда, эҳдоси ду хатти нави дар маҷмӯъ 140-километрии интиқоли барқ, тармими зеристгоҳҳо ва ҳамчунин ислоҳоти сохтори ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”-ро дар назар дорад. Ин кӯмаки молии Бонки осиёӣ 87 дарсад саҳми ин ниҳоди молӣ дар барномаи нави панҷсолаест, ки 19 миллион доллари боқиашро бояд худи давлати Тоҷикистон ва “Барқи Тоҷик” пайдо кунанд. Душанбе аз соли 1998 ба Бонки осиёии рушд пайваста, то кунун аз ин ниҳод беш аз ним миллиард доллар қарзу кӯмак дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG