Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмакҳои нави фаврӣ ба Покистон шуд


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун бо чархбол аз фарози чандин минтақаи офатзадаи Покистон гузашт ва мегӯяд, аз ончӣ дид, хеле мутаассир шудааст. Вай гуфт, “ин бадтарин фалокати табиӣ будааст, ки ӯ то кунун дидааст.” Бан рӯзи якшанбе вориди Покистон шуд, то ҷараёни имдод ба мардуми осебрасидаи ин кишварро аз наздик бубинад. Вай мегӯяд, панҷяки қаламрав ва наздик ба 20 миллион нафар аз аҳолии Покистон аз обхезиҳои бузург шадидан зиён дидаанд. Зиёда аз 1 600 нафар кушта ва 2 миллион нафар бесарпаноҳ монда, хатари бемориҳои уфунӣ ба тамоми кишвар таҳдид мекунад. Бан гуфт, вай ин ҳафта аз Маҷмаи умумии Созмони Милал даъват хоҳад кард, ки ба Покистон кӯмаки бештар расонида шавад.
XS
SM
MD
LG