Пайвандҳои дастрасӣ

Борони сабукиовар дар пойтахти Русия


Дар Маскав барои бори аввал дар чанд ҳафтаи охир борони ҷиддӣ борид. Ин борон барои сокинони пойтахти Русия, ки муддатҳо боз аз як гармои бесобиқа ва абри ғафси дуди бархоста аз сӯхтори ҷангалистонҳои атроф азият мекашиданд, каме сабукӣ овард. Гармои бесобиқа майдонҳои бузурги ҷангалро ба коми оташ супурда, боиси талаф шудани чаҳоряки ҳосили имсолаи ғалладона шудааст.
Вазорати ҳолоти изтирории Русия аммо мегӯяд, феълан беш аз 500 сӯхтор, бо шумули 29 оташсӯзӣ дар атрофи Маскав ҳамчунон идома дорад. Сӯхторнишонҳо алайҳи оташсӯзиҳо дар наздикии маркази таҳқиқотии Саров дар вилояти Нижний Новгород низ мубориза мебаранд.
Аммо дар Украина нигароние вуҷуд дорад, ки сӯхтор метавонад ба манотиқи атрофи Чернобил таҳдид кунад.
XS
SM
MD
LG