Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори амрикоӣ аз Покистон боздид мекунад


Ҷон Керрӣ-сенатори Амрико ҳафтаи оянда аз Покистон боздид мекунад, то баъд аз селобҳои фоҷеаомез амалиёти кӯмак дар ин кишварро биомӯзад. Дан Фелдман-муовини фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон гуфт, ин боздиди ҷиддӣ хоҳад буд ва ба боло рафтани эътибор ҳам дар Амрико ва ҳам дар арсаи байналмиллалӣ кӯмак хоҳад кард. Ҷузъиёт дар бораи барномаҳои ин боздид баъдтар эълон мешавад. Ҷон Керрӣ, ки раёсати Кумитаи муносиботи хориҷиро дар Сенат бар ӯҳда дорад ва соли гузашта муаллифи тарҳи кӯмаки 7,5 миллион доларрии Амрико ба Покистон буд, нахустин сиёсатмадори баландпояи Амрикост, ки баъд аз фоҷеаи селобҳо аз Покистон боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG