Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Покистон $460 миллион кӯмак дархост кард


СММ барои миллионҳо нафар осебдидагони селобҳои фоҷеаовар дар Покистон хостори тақрибан 460 миллион доллар кӯмаки фаврӣ шуд. СММ мегӯяд, барои бозсозии харобиҳои селоб Покистон ба миллионҳо доллари дигар зарурат дорад. Ҷон Ҳолмз-раиси кӯмакҳои башарии СММ гуфт, дастикам 6 ё 7 миллион нафар осебдидагони селобҳо ба кӯмакҳои фаврии башарӣ, ба шумули сарпаноҳ, ғизо, оби софи ошомиданӣ ва хадмоти беҳдоштӣ ниёз доранд. Оқои Ҳолмз гуфт, қабл аз дархости 459,7 миллион доллар, СММ қавл дода буд, ки 150 миллион доллар кӯмак фароҳам месозад, вале ҳанӯз ҳам 300 миллион доллари дигар зарур аст. Амрико бештарин кӯмакҳоро дар ихтиёри Покистон гузоштааст ва кӯмакҳои он 71 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи бориши борон ва ҷорӣ шудани селобҳо дар Покистон 14 миллион нафар осеб дидаанд, ки 6 миллиони онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG