Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон ҳукми гурӯҳи "ҷинояткорони ноболиғ" содир шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи додгоҳии як гурӯҳи нӯҳнафариро хотима дод, ки шаш нафари онҳо наврасони ноболиғ ҳастанд. Аксари аъзои гурӯҳ, ки сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа будаанд, аз 14 то 17 сол доранд ва ба роҳзанӣ, сӯиқасд ба ҷони афрод ва дуздӣ гунаҳкор дониста шуданд. Додгоҳ се нафар аз онҳоро ба 7 солии зиндон маҳкум кард ва ноболиғонро ба зиндони шартӣ. Зафар Сатторов, як сарбози вазорати дифоъи Тоҷикистонро, ки раҳбарии ин гурӯҳ будааст, ба 24 соли зиндон маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG