Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Ашкеназӣ аз амалкарди нерӯҳои Исроил


Габӣ Ашкеназӣ, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Исроил имрӯз аз амалкарди нерӯҳои кишвараш дар юриши маргбор ба киштиҳои кӯмакрасони Ғазза ҳимоят кард, ки дар ин юриш 9 ҳомии фаластиниён ва шаҳрвандони Туркия кушта шуданд. Ҳангоми посух ба суолҳои кумиссиёни махсуси таҳқиқотии Исроил, ӯ гуфт ҳангоми фуруди нерӯҳои махсус ба саҳни киштии кӯмакрасон, ки мехост муҳосираи Навори Ғаззаро бишканад, яке аз фаъолон ба сӯи сарбози исроилӣ тир андохт ва нерӯҳо ҳам дар ҷавоб тир кушоданд. Дар кумиссиёни махсус ду нозири байналмилалӣ шомил ҳастанд. Артиши Исроил пештар эътироф кардааст, ки барномарезӣ ва иҷрои амалиёт ба зидди киштӣ бехато набудааст. Таҳқиқоти алоҳида дар ин заминаро Созмони Милал ва Туркия ҳам анҷом медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG