Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар аксари кишварҳои мусулмоннишин Рамазон оғоз шуд


Имрӯз дар аксари кишварҳои мусулмоннишин моҳи Рамазон шурӯъ шуд. Рӯҳониюни Арабистони Саудӣ, ки маркази ислом ба шумор меравад, дирӯз эълон карданд, ки дар тақвими исломӣ моҳи Рамазон шоми рӯзи сешанбе, яъне дирӯз фаро расидааст. Ба ҳамин сабаб мардуми мусулмон аз субҳи ҳамин рӯз ба доштани рӯза шурӯъ карданд. Бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна, ки ба он кишҳварҳои арабӣ шомил мешаванд, эълон карданд, ки онҳо ҳам рӯзи чаҳоршанбе рӯза мегиранд. Вале дар Ироқ аҳолии шиамазҳаб гуфтаанд, ки онҳо аз рӯзи панҷшанбе гирифтани рӯзаро оғоз мекунанд. Умон низ рӯзи панҷшанберо рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон кардааст. Мисру Фаластин дар моҳи Рамазон соатҳои худро ба вақти зимистонӣ бармегардонанд, яъне соатҳои онҳо як соат ақиб хоҳад рафт. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ субҳи имрӯз мардум рӯза гирифтанд.
XS
SM
MD
LG