Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониён дар Басра ба 43 нафар расид


Бино ба хабарҳо, бар асари силсилаи таркишҳо дар бозори Басра, дуввумин шаҳри бузурги Ироқ, 43 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сабаби таркишҳои рӯзи шанбе дар бозори Ал-Ашъор ҳанӯз рӯшан нест. Бархе мақомот дар бораи таркиши дастикам як мошини бомбгузоришуда сӯҳбат мекунанд, вале раҳбари пулиси Басра гуфтааст, зоҳиран як генератори хароб боиси инфиҷорҳо шудааст. Ҳамлаҳои дигари дирӯза дар Ироқ дастикам 7 корманди пулисро кушта ва чандин ғайринизомиро куштаву захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG