Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1325 мавриди ҳалокати мардуми осоишта дар Афғонистон


Бино бар бароварди Куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, дар соли ҷорӣ дар ин кишвари ҷангзада алакай беш аз 1300 ғайринизомӣ ва ғолибан бо дасти чирикиҳои толиб кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, масъулияти 68 дарсад аз 1325 мавриди ҳалокати мардуми осоишта дар соли равонро Толибон бар дӯш доранд. 23 дарсади ғайринизомиён бо дасти нирӯҳои НАТО ва Афғонистон кушта шуда, саҳми “авомили дигар” дар қатли мардуми осоишта 9 дарсад баровард шудааст.
Нодир Нодирӣ, як мақоми аршади куммисиюни ҳуқуқи башар гуфт, ин омор ҳокист, ки мизони ҳалокати мардуми ғайринизомӣ имсол назар ба соли гузашта 5 дарсад афзудааст.
XS
SM
MD
LG