Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 10 ҷасад дар Бадахшони Афғонистон


Мақомоти Афғонистон талош доранд, ҳуввияти 10 нафар, бо шумули 8 хориҷӣ ва 2 афғонро, ки аҷсоди онҳо рӯзи панҷшанбе дар як минтақаи дурдасти вилояти Бадахшон кашф шуд, ташхис кунанд. Раҳбари пулиси Бадахшон Оқонур Кинтоз гуфта, ки 6 тан аз ин хориҷиён олмонианд, вале сухангӯи сафорати Амрико гуфтааст, ки бовар меравад, чандин амрикоӣ низ дар байни ин қурбониён бошанд.
Як афғоне, ки аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст, гуфта, ки ҳайъати онҳо табибонеро дар бар мегирифт, ки ба вилоёти Панҷшеру Нуристон ва Бадахшон сафар доштанд.
Куштори ин афрод ҳанӯз 2 ҳафта пеш дар улусволии Курон ва Мунҷон сурат гирифтааст, вале ба маҳзи дурдастии минтақа кашфи аҷсоди қурбониён ба пулис танҳо акнун муяссар шудааст.
Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид овардаанд, ки мегӯяд, ҷангиёни толиб “мубаллиғони масеҳӣ”-ро куштаанд.
XS
SM
MD
LG