Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек истирдоди зиндониёни тоҷикро баррасӣ карданд


Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон ба матбуот гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон имкони истирдоди шаҳрвандони худро, ки дар Қирғизистон мӯҳлати зиндони худро сипарӣ мекунанд, баррасӣ дорад. Сафорат гуфтааст, ин масъала дар мулоқоти ахири Асомилддин Саидов-сафири Тоҷикистон дар Бишкек ва Шейшенбек Байзаков-раиси хадамоти давлатии амнияти Қирғизистон баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ниҳодҳои зидахли ҳар ду ҷониб бо назардошти қонунҳои мавҷудаи ду кишвар ин масъалаи истирдоди зиндониёни тоҷикро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG