Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ду ниҳоди ҳамкорӣ байни Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон


Раисони ҷумҳури Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз дар Теҳрон дар бобати таъсиси Кумиссюни байнидавлатии сеҷониба ва Шӯрои вазирони умури хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Қарор аст, ин ниҳодҳои нав ба танзими беҳтар ва таҳкими ҳамкориҳои байни се кишвар мусоидат кунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳамтоёни худ хост, сохторҳои нав ба кори амалӣ машғул бошанд ва нишастҳои сарон барои рушди се кишвар натиҷаҳои воқеӣ дошта бошад. Президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, низ ба ҳамбастагии бештари се кишвар бар пояи равобити иқтисодӣ даъват кард. Вай аз таваққуфи вагонҳо барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 2" ва мухолифатҳо ба эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон интиқод кард. Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, барномаҳои бунёди роҳҳо дар байни се кишвар ва пайванд додани онҳо бо шабакаҳои байнулмилалӣ таъкид намуд.
XS
SM
MD
LG