Пайвандҳои дастрасӣ

Қоидаҳои нави генерал Петреус дар Афғонистон


Генерал Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон имрӯз тавсияномаи ҷадидеро нашр кард, ки зарурати ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми ғайринизомиро таъкид мекунад. Коҳиши мизони ҳалокати мардуми осоишта дар шароите ки стротежии нави Амрико фурӯ нишондани низоъ дар Афғонистонро дунбол мекунад, муҳим ба назар мерасад.
Тибқи дастурҳои ҷадид, ба ҷуз аз мавориди дифоъ аз худ, дар дигар маворид фармондеҳон қабл аз истифодаи нирӯ бояд ба адами ҳузури афроди ғайринизомӣ итминон ҳосил кунанд.
Петреус ҳамчунин ба зарурати мушорикати ҳамешагӣ бо нирӯҳои Афғонистон таъкид кардааст. Петреус моҳе пеш ба ҷойи генерал Стенлӣ МакКристалл фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG