Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон имрӯз Зафар Нозимро дафн мекунад


Тоҷикистон имрӯз бо Зафар Нозим, яке аз маҳбубтарин овозхонҳояшро ба хок месупорад. Зафар Нозим, дирӯз баъди бемории тӯлонӣ дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Намози ҷанозаи Зафар Нозим соати 9.00 дар манзили ӯ дар маҳаллаи мавсум ба "Водонасосная"-и шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Зафар Нозим чанде пеш ҷарроҳии ғадуди простотро аз сар гузаронида буд. Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандоне маҳсуб мешуд, ки дар муқоиса ба овозхонҳои дигари маҳбуб дар маҳалҳои хоси Тоҷикистон, дар саросари кишвар ҳаводору шунаванда дошт. Таронаи “Эй сорбон”, ки Зафар Нозим сароидааст, тайи даҳсолаҳо ҳамчунон як таронаи маҳбуб дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG