Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти маҳаллии Русия ба кӯмак хонда шуданд


Мақомоти ниҳодҳои изтирории Русия аз раҳбарони маҳаллӣ дархост кардаанд, ки тамоми нируи мавҷудаи одамиро ба мубориза бо сӯхтори ҷангалҳо сафарбар кунанд. Дар ин сӯхтор 40 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Владимир Степанов-раиси Маркази бӯҳронҳои вазорати умури изтирорӣ имрӯз гуфт, "раҳбарони минтақаҳои марказии Русия набояд мунтазир бишинанд, ки кай гурӯҳҳои оташнишонӣ меоянд, балки бояд ҳамаи нируи худро сафарбар кунанд". Оташ садҳо хонаро хароб ва алафзоронро ба коми худ фурӯ бурд. Аммо гурӯҳҳои оташнишон мегӯянд, онҳо то андозае пешрафт кардаанд ва доманаи оташ маҳдудтар мешавад. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ба сабаби ин сӯхтор дар 7 минтақаи Русия дар Мордовия, Владимир, Воронеж, Маскав, Нижний Новгород ва Рязан ҳолати фавқулода эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG