Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойбандии Камерон аз мавзеъаш дар қиболи Покистон


Дафтари сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, ки ӯ ҳамчунон аз баёнияҳояш дар қиболи Покистон ва содироти терроризм ҳимоят мекунад. Изҳороти Камерон, ки ҳафтаи гузашта дар Ҳинд садо дод, боиси эҷоди таниши дипломатӣ миёни Исломободу Лондон ва бурузи мавҷи хашм дар Покистон шуд. Исломобод ба манзури ироаи эътирози расмӣ сафири Бритониёро фаро хонд ва генерал Аҳмад Шуҷоъпошо, раҳбари
ISI, хадамоти мутанаффизи кашфи Покистон, низ дар посух ба баёнияҳои Камерон сафари барои ҳафтаи равон тарҳшудааш ба Лондонро лағв кард. Аммо раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ тақозои мукаррар дар дохил ҷиҳати лағви сафари низ ба ин ҳафта барномарезишудааш ба Бритониёро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG