Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вардак ва Муллен дар мавриди асноди махфии нашршуда


Вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳими Вардак имрӯз эҳтимоли пайомадҳои хеле ногувор ба бор овардани нашри беш аз 90 000 асноди низомии махфии Амрико тавассути сомонаи “WikiLeaks”-ро радд кард ва гуфт, маълумоти нашршуда “тозагии зиёд надошт.” Вардак дар Малайзия гуфт, ки Кобул алакай “аз мизони фаъолиятҳо ва ҳимоят аз Толибон хабар дошт.” Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико низ гуфт, асноди нашршуда чизи камеро дар бораи ҷанги Афғонистон боз кард. Сомонаи интернетии WikiLeaks ахиран гузоришҳои махфии марбут ба ҷанги Афғонистонро нашр кард, ки давраи аз соли 2004 то поёни соли 2009-умро фаро мегирад. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай нашри ин аснодро маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG