Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар воҳиди низомии Арманистон


Вазорати дифоъи Арманистон таъйид кард, ки бар асари тирандозӣ дар як воҳиди низомӣ як афсар ва панҷ сарбози арманӣ кушта шуданд. Ҳодиса рӯзи 28 июл ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, як сарбози воҳиди низомӣ дар Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ, бадрафторӣ бо яке аз ҳамхидматонашро таҳаммул накарда ва ба сӯи сарбозоне, ки ин корро мекарданд, тир андохтааст ва сипас худкушӣ кардааст. Дар Арманистон, чун дар дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ, бадрафторӣ бо сарбозон яке аз бемориҳои қадимаи артиши миллӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG