Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти киштии украинӣ аз тарафи нерӯҳои Гурҷистон


Марзбонони дарёии Гурҷистон киштии боркаши украиниро, ки мехост, ба бандарҳои минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ворид шавад, боздошт кард ва 12 сарнишини онро ба ҳабс гирифт. Шабакаи телевизионии Руставӣ-2 хабар дод, ки киштии ҳомили ғалла ба бандари Потии Гурҷистон дар Баҳри Сиёҳ расонда шуд. Ба муқобили сарнишинони киштӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бино бар қонунҳои Гурҷистон, фаъолиятҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ бе ризоияти Тифлис мамнӯъ мебошад. Гурҷистон дар соли гузашта ба камияш 4 киштиеро, ки озими Абхозистон буданд, боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG