Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камерон Покистон аз "содироти террор" ҳушдор дод


Сарвазири Бритониё Девид Камерон зимни боздидаш аз Ҳинд Покистони ҳамсояро алайҳи ташвиқи “содироти террор” ҳушдор дод. Камерон, ки дар Бангалор бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Ғарб набояд пуштибонии эҳтимолии Покистон аз гурӯҳҳои террористиро таҳаммул кунад.
Ин изҳороти Камерон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз нашри даҳҳо ҳазор асноди махфии Амрико, ки ҷузъиёти иртибототи эҳтимолии мақомоти иктишофии Покистон бо чирикиҳои толиб дар Афғонистонро низ бозгӯ мекунад, садо дод.
Ҳиндустон дар тӯли солиён Покистонро ба додани паноҳу кӯмак ба гурӯҳҳои ифротӣ айбдор мекард.
XS
SM
MD
LG