Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО имсол 290 миллион сомонӣ андоз хоҳад супурд


Вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ки ТАЛКО, бузургтарин ширкати саноатии ин кишвар имсол 380 000 тонна алюминий тавлид хоҳад кард, ки назар ба соли гузашта 6,4 дарсад бештар аст. То кунун тавлидоти ин ширкати алюминсозӣ ба 184 000 тонна расидааст. Раҳмон Баҳронов, раҳбари идораи барномарезии вазорати иқтисод гуфт, ҷамъи молиёте, ки ин корхона ба будҷа хоҳад супурд, имсол дар ҳаҷми 290 миллион сомонӣ, ё худ чизе дар ҳудуди 65 миллион доллар пешбинӣ мешавад, ки муодили тақрибан 9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Қариб 70 дарсади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши тавлидоти ТАЛКО ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG