Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 1,1 миллиард доллар кӯмак ба Қирғизистон


Анҷумани кӯмакрасонҳои байналмилалии Қирғизистон дар Бишкек ҷиҳати ироаи 1 миллиарду 100 миллион доллар кӯмак ба ин кишвари Осиёи Марказӣ тавофуқ кард. Ин кӯмак тайи 30 моҳи оянда ва ба хотири рафъи авоқиби хушунатҳои ахири сиёсиву қавмӣ расонда мешавад. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Теодор Аҳлер гуфт, 600 миллион доллар аз ин кӯмакҳои ваъдашуда бояд то поёни соли ҷорӣ ироа шаванд.
Даргириҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон дар моҳи июн мунҷар ба ҳалокати дастикам 316 нафар ва беҷо шудани садҳо ҳазори дигар шуд. Ин хушунатҳо ба иқтисоди бе он ҳам заифи Қирғизистон зарба зад ва интизор меравад, имсол иқтисоди ин кишвар то 5 фоиз коҳиш биёбад.
XS
SM
MD
LG