Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби тарҳи 58,8 миллиард $ масрафоти Амрико


Конгресси Амрико бо аксарияти оро барномаи 58,8 миллиард доллар масрафотро, ки 33 миллиардаш барои ҷанг дар Афғонистон ва эъзоми нирӯҳои изофӣ ба ин кишвар аст, пазируфт. Акнун ин қонун барои имзои ниҳоӣ ба дасти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама супурда мешавад. Ин тарҳи масрафот барои идомаи ҷанг дар Афғонистону Ироқ 37 миллиард доллар ва барои рафъи авоқиби заминларзаи пурқурбонии Ҳаитӣ 2,9 миллиард доллар ҷудо мекунад. Боқии масрафот барои иҷрои барномаҳои дохилист.
Таъхир дар амри тасвиби ин қонун нигаронии Пентагонро ба бор овард, ки мабодо дар айни эъзоми нирӯҳои изофиаш ба Афғонистон ба камбуди маблағ дучор шавад.
XS
SM
MD
LG