Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Тоҷикистон Покистон равнақ меёбад


Имрӯз дар Исломобод дар мулоқоте Юсуф Раза Гилонӣ--нахуствазири Покистон ва Зубайдулло Зубайдов -сафири Тоҷикистон дар Покистон густариши муносиботи дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Аз ҷумла дар ин мулоқот сохтмони роҳи автомобилрави миёни ду кишвар аз тариқи долони Вахон, додани замин барои Тоҷикистон дар бандари Гвадари Карочӣ ва дар Пешовар баррасӣ шуд. Тоҷикистон мехоҳад дар ин ду минтақа терминалҳои гумрукӣ бисозад ва онҳоро барои амбор кардан ва ҳамлу нақли колоҳои худ аз роҳҳои обӣ ва сипас тавассути қаламрави Покистон истифода кунад. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар иваз ба гузоштани замин дар ихтиёри Тоҷикистон барои сохтмони терминал дар Покистон, ҷониби Тоҷикистон имкон медиҳад, ки Покистон дар сохтмони корхонаҳои семент ва соири корхонаҳои санъатии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Таҳсили ҷавонони тоҷику покистонӣ дар кишварҳои якдигар низ яке дигар аз масъалаҳои мавриди баҳс дар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон буд.
XS
SM
MD
LG