Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонӣ Ҳейвордз дар остонаи истеъфо аз раёсати БП аст


Ширкати БП эълон кардааст, ки Тонӣ Ҳейвордз-раиси иҷроии ин ширкат дар остонаи эълони истеъфо аз мақомаш аст. Дар эъломияе, ки имрӯз ба нашр расид, БП гуфтааст, Ҳейвордз мақоми худро 1-ӯми октябр бо ризояти дуҷониба бо мудрияти ширкат тарк мекунад. Вайро дар ин мақом Боб Дадлӣ-як амрикоӣ, ки ҳоло сарпарастии амалиёти поккории нафтро бар ӯҳда дорад, иваз хоҳад кард. Ширкати БП аз хуруҷи нафт дар чоҳи зериобии Халиҷи Мексика 17 миллиард доллар зарар дидааст ва ҳоло барои амалиёти поккории соҳилҳо аз нафт 32 миллиард доллари дигар ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG