Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Меркел ба ҳалокати ҷавонон дар "Корвони ишқ"


Ташкилкунандагони ҷашнвораи "Корвони ишқ" дар Олмон, ки дар ҷараёни он бар асари воҳима ва даводав 19 нафар зери по монда, ба ҳалокат расиданд ва садҳо тан мзахмӣ шуданд, мегӯянд, аслан интизори чунин воқеаро надоштанд. Мақомоти давлат мегӯянд, муфаттишон ва додситонҳо ба таҳқиқи воқеа шурӯъ кардаанд, Сарвазири Олмон, Ангела Меркел ба як пажӯҳиши дақиқи фалокат даъват кард:

"Ман фикр мекунам, ҳоло бояд амиқан тақҳиқ шавад, ки чаро чунин ҳодиса ба амал омад, зеро бисёре аз наврҷавонон бо рӯҳияи баланд ба ин ҷашнвора омаданд ва акнун таҷрибаи мушкил ва хотираҳои талхе аз он хоҳанд дошт. Мо тамоми корро мекунем, ки як чунин ҳодиса дигар такрор нашавад, то падару модароне, ки фарзандони худро ба чунин маърака мефиристанд, мутмаин бошанд, чизе милси ин дигар ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Ин дар ҳақиқат як рӯзи сиёҳ ва ғамборе буд."

Шоҳидон мегӯянд, ҳодиса замоне сар зад, ки полис баъд аз зиёда аз ҳад пур шудани майдони ҷашн ягона гузаргоҳи зеризаминӣ ба онро баст. Аммо даромадгоҳи ин нақб боз буд ва одамон ҳамоно вориди он мешуданд. Матбуоти Олмон мегӯяд, дар ҷашнвора наздик ба якуним миллион нафар ҷамъ омада буд. Дар байни кушташудагон хориҷиён низ будаанд.
XS
SM
MD
LG