Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нави Чавес ба Амрико


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес таҳдид кард, ки дар сурати ҳимояти Амрико аз ҳамлаи низомии Колумбия ба Венесуэла интиқоли нафтро ба Амрико қатъ мекунад. Чавес Вошингтонро ҳушдор дод, ки аз ин бӯҳрон канорагирӣ кунад. Чавес рӯзи панҷшанбе дар посух ба изҳороти ҳамтои колумбиягиаш Алваро Урибе, ки гуфт, то 1500 чирикии зидди давлати ӯ дар Венесуэла паноҳ бурда, ҳамалоти худро аз ҳамин хок таҳия мекунанд, равобити дипломатӣ бо Боготаро бурид. Чавес гуфт, агар Колумбия таҳти пуштибонии Амрико даст ба ҳамла бизанад, ҳамлунақли нафтро қатъ хоҳад кард.
Венесуэла узви ОПЕК ва бузургтарин тавлидкунанда ва содиркунадаи нафт дар Амрикои Лотинист.
XS
SM
MD
LG