Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро дубора юниформи низомӣ пӯшидааст


Матбуоти Куба мегӯяд, имрӯз Фидел Кастро барои ширкат дар маросими бузургдошти хотираи қурбониёни инқилобаш дар Куба ба шаҳраке дар ғарби Ҳавана рафтааст. Баъд аз ҷарроҳии соли 2006 ва супурдани корҳои раҳбарӣ ин бори нахуст аст, ки Фидел Кастро аз Ҳавана берун меравад. Акси Кастро аз ҳузураш дар маросим дар сомонае чоп шудааст. Кастро дар тан юниформи сабзи низомӣ дорад, ҳамон юниформе, ки тақрибан ним қарн мепӯшид. Вале дар юниформи имрӯз ситораҳо насб нашуда буданд. Вай баъд аз беморӣ ҳамеша дар либоси хонаӣ нишон дода мешуд.
XS
SM
MD
LG