Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимовро ба маҳбас мебаранд


Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, вазири пешини умури дохила Ёқуб Салимов, ки то ҳол дар боздоштгоҳ адои ҳукм мекард, ба зиндон мунтақил хоҳад шуд. Ёқуб Салимов соли 2003 дар Маскав боздошт шуда, дар соли 2005 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷароиме, чун қасди табадуллоти давлатӣ, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.
Салимов аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқист, ки дар пайи пирӯзии ин Фронт ва рӯи кор омадани давлати Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми вазири умури дохила нишаст. Сипас муддате сафир дар Туркия ва раиси идораи гумруки Тоҷикистон буд. Вале дар тобистони соли 1997 дар пайи ошӯби нокоми сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев Ёқуб Салимов ҳам тарки кишвар кард.
XS
SM
MD
LG