Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз 1-уми январи соли 2011 дар Тоҷикистон танҳо баъди расидан ба синни 18 солагӣ издивоҷи духтарон расман ба қайд гирифта мешавад. То кунун бар асоси Кодекси оилаи Тоҷикистон духтарон иҷоза доштанд, аз 17 солагӣ шавҳар кунанд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 22-уми июл бо имзои тағийроти ҷадиди Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ барои духтарони аз 18 сола болоро шурӯъ аз соли оянда қонунӣ кард.

Хайриниссо Юсуфӣ, собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ки тағийрот ба ин қонун дар замони раисии ӯ пешниҳод шуда буд, мегӯяд, мутмаин аст, ки бо амалӣ шудани ин қонун сатҳи аз ҳам пошии оилаҳо дар Тоҷикистон поён хоҳад рафт.

Ӯ мегӯяд, маҳз аз ҳампошии оилаҳои ҷавон, ки мувофиқи таҳқиқотҳо аксаран дар сини 16 ва 17 солагӣ издивоҷ кардаанд, онҳоро водошт, то ба президенти кишвар чунин пешниҳод кунанд.

Хайриниссо Юсуфӣ инчунин гуфт: «Ду мактубе, ки ба президенти кишвар барои боло бардоштани сини никоҳӣ ва барои дасгирии бонувоне, ки аз мактаб дур мондаанд, равон кардем, аз ҷониби Ҷаноби олӣ хуш пазируфта шуд. Мактуб кардем ки сини никоҳи боло бурда шавад ва таҳисли ҳатмӣ 10-сола. Ҳарду пешниҳоди мо аз ҷониби президенти кишвар пазируфта шуд».

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз сатҳи камбизоативу нодорӣ волидайнро маҷбур мекунад, то духтаронашонро қабл аз сини никоҳӣ ба шавҳар диҳанд.

Хайриниссо Юсуфӣ, раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон
"Кабмизоатӣ - омили зуд ба шавҳар додани духтарон"

Бо тасдиқи ин нукта Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи додгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, таи 6 моҳи ахир дар нисбат ба ду волидайн барои дар сини 15 ва 16 солагӣ ба шавҳар додани духтарон дар додгоҳи шаҳр парванда баррасӣ шудааст ва дар ҳама ҳолат сабаби барвақт ба шавҳар додани духтарон баста ба камабизоативу нодории волидайн будааст.

Ҷаноби Раҳматуллоев мегӯяд, «онҳо мегуфтанд, ки аз камбизоатӣ чунин кардаанд, вале қонун қонун аст ва суд ҳукми худро дар нисбат ба онҳо содир кард».

Ҷавонон дар мавриди боло бурдани сини никоҳи андешаи гуногун доранд. Руҳафзо, як ҷавондухтар мегӯяд, бо боло бурдани сини никоҳи сафи пирдухтарон дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Зеро ба қавли ӯ, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон андешае роиҷ аст, ки дар сурати ба 20 расидани духтар, аллакай ӯ пирдухтар маҳсуб меёбад ва хостгорҳояш низ кам мешавад.

Ӯ мегӯяд: «Бубинед, ки ба сари як мард чанд зан рост меояд ва фикр мекунам, ки дар ин сурат занҳои бевазан кам нахоҳад шуд».
Гулафшон, ҷавондухтари дигар мегӯяд, агар ҳадаф аз қабули чунин қонун пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон бошад, беҳтар аст, то дар ин маврид ҷарима муқарар кунанд".

"Ҷарима воситаи ҷилавгирӣ аз хонавайронӣ"

Гулафшон, ҷавондухтари дигар мегӯяд, агар ҳадаф аз қабули чунин қонун пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон бошад, беҳтар аст, то дар ин маврид ҷарима муқарар кунанд.

Ӯ мегӯяд: «Бигзор як маблағи ҷаримаи вазнин муайян кунанд, ки агар ҷавон духтарро талоқ дод, маблағи калон низ ба ӯ бидиҳад. Дар ин сурат ҷавонон пеш аз издивоҷ фикр мекунанд ва кушиш мекунанд, ки хонавайрон нашаванд».

Аммо Хадича, як донишҷудухтар бо истиқбол аз имзои ин қонун мегӯяд, бояд волидайн қабл аз ба шавҳар додан ҳатман духтарони худро ба таҳсил ҷалб кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, духтари таҳсилдида пас аз талоқ шудан низ ранҷ нахоҳад кашид.
Хадича афзуд, «Худое накарда духтари хондагӣ аз шавҳараш ҷудо шавад ҳам, метавонад кор карда рӯз гузаронад, вале вой бар ҳоли духтари нохонда кӣ дигар намедонад чӣ кор кунад».

Пешниҳоди то сини 18 солагӣ боло бурдани издивоҷи духтарон таи ду соли ахир мавриди баҳси коршиносон қарор дошт.

Ҳамакнун бо мавриди амал қарор гирифтани ин қонун волидайн барои вайрон кардани он мувофиқи моддаи 169-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG