Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаш ҷонибдори сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев дар соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Хатлон боздошт гардида, шаш нафари дигар мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Ба иттилои Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, афроди боздоштшуда ба қасди таъсиси гурӯҳҳои созмонёфта ва анҷоми ҷиноятҳои сангин аз хориҷ ба Тоҷикистон омадаанд. Ӯ афзуд, се нафари муттаҳам дар минтакаи Қурғонтеппа ва се тани дигар дар шаҳри Кӯлоб ба даст афтодаанд.

То ин замон додгоҳҳои вилояти Хатлон алайҳи се пайрави сарҳанги исёнгар Худойбердиев ҳукми зиндон содир карда, парвандаҳои ҷиноии афроди боқимонда мавриди таҳқиқи мақомоти додситонӣ қзарор дорад.

Маҳкумшудагон ба ҷонибдорӣ аз Худойбердиев

Дар моҳи июн додгоҳи шаҳри Сарбанд Закир Саидмуродов, Норин Шодиев ва Қосим Қарахоновро бо иттиҳоми исёни мусаллаҳона алайҳи давлати Тоҷикистон дар охири солхои 90-ум ва ҷонибдорӣ аз полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Ба иддаои раёсати корҳои дохилӣ, афроди муттаҳам чинояткорони хатарзо ба амнияти Тоҷикистон буда, дар гузашта узви гурӯҳи созмонёфтаи Маҳмуд Худойбердиев буданд ва дар тахрибкориҳои зиёд, бавижа, даргириҳои солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои соли 1997-1998-и Қӯрғонтеппа даст доштаанд.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон гуфт: “Бисёре аз афроди боздоштшуда бо ҳадафи ҷалби одамон ба узвияти гурӯҳи ғайриқонунии полковник Худойбердиев аз Узбакистон ба Тоҷикистон омадаанд. Дар хамин хол, мақомоти милиса ва раёсати амнияти миллии вилояти Хатлон феълан 6 пайрави дигари гурӯҳи созмонёфтаи Маҳмуд Худойбердиев ва Хуҷа
Абдурахмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
Каримов, аз собиқ фармондеҳони Фронти халқиро мавриди пайгарди қонунии байналмилалӣ карор додааст».

Хуҷа Каримов кист?

Хуҷа Каримов, аз собиқ кумандонҳои Фронти халқӣ низ феълан аз чониби Интерпо – пулиси байналмилали ҷустуҷӯ мешавад. Макомоти Тоҷикистон ӯро дар содир намудани силсилаи ҷиноёт дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз он ҷумла, дар қатлу ғорат, ҳадастӣ дар гурӯҳи созмонёфтаи фаромиллӣ ва ҷиноятҳои зидди ҳаёту саломатии инсон муттаҳам дониста, хостори боздошт ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон шудаанд.

Бар асоси маълумоти тахминии дафтари миллии Интерпол дар Тоҷикистон, феълан Хуҷа Каримов дар каламрави Малайзия ба сар мебарад.

Раёсати умури дохилии Хатлон мегӯяд, феълан вазъи криминалию амниятии минтақа таҳти корнтрол аст, аммо маълумоте ҳам дар мавриди фаъолиятҳои ғайриқонунии гурӯҳҳо ва афроди алоҳидаи ҷонибдор ё аъзои «Ҷамоати Таблиғ», Ҳизби таҳрир, Маҳмуд Худойбердиев ва Хуҷа Каримов дар қаламрави вилояти Хатлон рӯйи даст аст.

Боздоштҳои чӣ паём доранд?

Каландар Садруддинзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, нашри хабарҳои фаровон дар бораи боздошти пайравони Худойбердиев дар Хатлон, метавонад як андоза ҷомеаро ноором бисозад.

«Ин ҳодисахо мисли хушдорест ба мардум, ки бештар ба бехатарии худу хонаводаашон таваҷҷӯҳ кунанд. Мақомот ҳам мебояд аз чораҳои муассири амниятӣ кор бигиранд, то аз ваҳму ҳарос пешгирӣ кунанд. Аммо ҳамзамон афзудани мавридҳои боздошти пайравони Худойбердиевро метавон ба унвони ишораҳое мармуз маънидод кард: Агар мақсад аз бозгашти пайравонаш ба Тоҷикистон ҷалби одамон ба гурӯҳи Худойбердиев бошад, чиро бояд интизор бошем?»

Дар ҳамин ҳол, коршинос Муҳаммадраҷаби Усмон мегӯяд, хабарҳо дар бораи боздошти пайравони Худойбердиев, бавижа, пас аз он бештар шуданд, ки дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон аз аввали соли ҷорӣ як андоза ихлоли ҷиддӣ ба мушоҳада расид.

«Агар иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ки полковник Худойбердиев дар Узбакистон панаҳ мебарад, дурустанд, пас мумкин аст, ин гуна ҳадс зад, ки мақомот ва мардум бо шунидани номи Маҳмуд ҳатман аз Узбакистон ёдовар мешаванд ва фикр мекунанд, ки дар паси ин ҳама давлати кишвари ҳамсоя истодааст. То он замон, ки сад дар сад исбот нашавад, ки Худойбердиев дар Узбакистон нест ва ҳар вақте метавонад ба хоки Тоҷикистон ҳамла кунад, ҳамин тарс ва эҳтиёткорӣ дар зеҳну зиндагии мардум боқӣ мемонад».

Ба иддаои мақомоти расмии Тоҷикистон, Маҳмуд Худойбердиев бо гурўҳи худ феълан дар қаламрави Узбакистон панаҳ бурдааст. Додситонии кулли Тоҷикистон чанд дафъа аз мақомоти расмии Тошканд хостори истирдори сарҳанги шўришӣ шудааст, ки дар кўшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад.

Аммо ҷониби Узбакистон ин иддаоро, ки Худойбердиев дар хоки он кишвар бар сар бурда, аз пуштибонии нерўҳои Узбакистон бархурдор мебошад, башиддат инкор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG