Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҳаяҷонии Сербистон ва Косово


Интизор меравад, имрӯз Додгоҳи олии Созмони Милали Муттаҳид, назари худ дар мавриди эъломи истиқлоли Косово аз Сербистонро эълом кунад. Сербистон соли 2009 ба Додгоҳи байналмилалии адолат шикоят бурд ва гуфт, эъломияи истиқлолияти раҳбарони албании Косово “нақзи фоҳиши” тамомияти арзии Сербистон мебошад. Сербҳо назорати Косоворо, ки сарзамини аҷдодии худ медонанд, дар соли 1999 баъди дахолати низомии НАТО аз даст доданд. Ҳукми додгоҳи байналмилалӣ дар Гаага танҳо машваратӣ хоҳад буд, аммо ба гуфтаи коршиносон метавонад барои минтақаҳои дорои ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ паёмадҳое дошта бошад. Косоворо ба ғайр аз 70 кишвар, дигар касе ба расмият нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG