Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи созмонҳои ҷаҳонӣ аз бадрафторӣ бо узбактаборон


Созмонҳои байнулмилалии беҳдошт ва ҳуқуқи инсон мегӯянд, узбактаборони ҷануби Қирғизистон аз муолиҷаи тиббӣ ва имкони паноҳгоҳ дар Узбакистони ҳамсоя маҳруманд. Созмони "Пизишкони бидуни марз" гуфтааст, нерӯҳои амниятӣ, ки дар наздикии бемористонҳо мустақар шудаанд, аз дастрасии бисёриҳо ба кӯмаки тиббӣ пешгирӣ мекунанд. Ин созмон ҳамчунин мегӯяд, полис ба маҳалҳои зисти сарҷамъонаи узбактаборон "рейдҳои хеле муташаккилона" созмон медиҳад. Рӯзи чаҳоршанбе созмони Дидбони ҳуқуқи инсон Қирғизистон ва Узбакистонро дар пешгирӣ аз паноҳҷӯии узбактаборон дар ҳудуди Узбакистон айбдор кард.
XS
SM
MD
LG