Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба ниругоҳе дар Қафқози Шимолӣ


Пулиси Русия мегӯяд, дар як ҳаммлаи ба эҳимоли зиёд террористӣ ба ниругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Қафқози Шимолӣ 2 нафар кушта шудаанд. Ин ҳамла ба ниругоҳе дар рӯдхонаи Баскан дар ҷумҳурии Қабардину Балқар анҷом гирифтааст. Адлан Какакуев-сухангӯи пулиси ин ҷумҳурӣ гуфт, панҷ нафар савори ду мошин ба ниругоҳ ҳамла бурдаанд ва дар ин ҳамла ду посбони ниругоҳ кушта, дастикам, ду коргари дигар захмӣ шудаанд. Сипас ҳамлакунандагон дар бахшҳои мухталифи ниругоҳ чанд бамро мунфаҷир сохтаанд. Баъд аз ин кор онҳо фирор кардаанд. Аз ин инфиҷорҳо сӯхтор ба амал омадааст. Барои хомӯш кардани оташ се соат сарф шудааст. Ширкати "РусГидро" мегӯяд, аз ин ҳодиса шабакаҳои барқрасонӣ осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG