Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилаи заминларзаҳо дар ҷанубушарқи Эрон


Чанд заминларза ҷануби Эронро такон дод, ки қавитарини онҳо наздик ба 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер нерӯманд будааст. Расонаҳои ҳамагонии Эрон дар бораи талафот ё харобиҳо иттилоъ надодаанд. Маркази заминшиносии Амрико вуқӯи силсилаи заминҷунбиҳоро дар Эрон тасдиқ карда, маркази яке аз онҳоро дар 1000-километрии ҷанубушарқи Теҳрон муайян намудааст. Ин марказ ба маҳалле наздик аст, ки бар асари зилила дар шаҳри ҷанубушарқии Бами Эрон наздик ба 30 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG