Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи 500 миллион долларии кӯмаки Амрико ба Покистон


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Исломобод тарҳҳои кӯмак ба ин кишварро эълон кард. Арзиши ин тарҳҳо 500 миллион долларро ташкил медиҳад ва ин маблағ барои беҳбуди вазъ дар бахшҳои таъмини обу энержӣ ва беҳдошт дар Покистон ба масраф хоҳад расид. Хонум Клинтон дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт:

"Вақте, ки мо музокираро оғоз кардем, яке аз талошҳои мо ин буд, ки ҳамкориҳои мавҷударо дар бахшҳои калидӣ, аз қабили амният густариш диҳем ва ҳамзамон ҳамкориҳои нав дар самтҳои нав аз қабили таъмини об шурӯъ шавад".

Хонум Клинтон гуфт, ҳадаф аз ин кӯмакҳо тағири афкори Покистон дар ин бора аст, ки гӯё Амрико танҳо барои мубориза бо шабакаҳои террористӣ бо Покистон ҳамкорӣ мекунад. Ин тарҳо дар чаҳорчӯбаи як барномаи 5-сола иҷро мешавад, ки арзиши он 7,5 миллиард доллар аст ва онро соли гузашта Конгресси Амрико ба тасвиб расонда буд.
XS
SM
MD
LG